Вай дар саҳифаи Фейсбук навишт, ки созмони бритониёии ҳомии озодии баён ҳар соле дар бахшҳои "Рӯзноманигорӣ" "Фаъоли шаҳрвандӣ" ва "Санъат" беҳтаринҳои дунёро интихоб мекунад. Соли ҷорӣ дар бахши "Санъат" Татяна Зеленская мақоми аввалро касб кардааст.
Ба гуфтаи вай, маросими эътои ҷоиза мебоист дар шаҳри Лондони Бритониё баргузор шавад, аммо ба далели маҳдудиятҳои COVID-19 ин маросим ба таври онлайнӣ баргузор шуд.
Ин рассом бештари вақт мавзуи ҳуқуқи зан ва хушунати хонаводагиро инъикос мекунад.