Ссылки доступа

Вазорати маорифи Қирғизистон гуфт, имкони бозгашти донишҷӯёни тоҷикро баррасӣ дорад


Намояндагони Вазорати маорифи Қирғизистон гуфтанд, тарҳи қарореро дар бораи имкони бозгашти донишҷӯёни тоҷик ба ин кишвар омода кардаанд.

Вазорат 20-уми сентябр дар посухи хаттӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, "дар ҳоли ҳозир ин тарҳ барои мувофиқа ба ниҳодҳои дахлдори Қирғизистон фиристода шудааст. Аз ин тасмим ҷониби Тоҷикистонро барвақт огоҳ карда будем."

Мушкили донишҷӯёни тоҷик дар Қирғизистон моҳи май ва баъд аз муноқишаи хунин дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон оғоз шуд. Пас аз як моҳи муноқиша, мақомоти Қирғизистон яктарафа марзи худро ба рӯйи шаҳрвандони Тоҷикистон баста, ҳеч кас аз ҷумла донишҷӯён натавонистанд, вориди он кишвар шаванд.

Вазири маориф ва илми Тоҷикистон моҳи июл ваъда дод, ки донишҷӯёни тоҷикро, ки дар мактабҳои олии Қирғизистон таҳсил мекунанд, ба донишгоҳҳои кишвар хоҳанд овард. Донишҷӯён мегӯянд, бо баъзе сабабҳо наметавонанд, дар Тоҷикистон таҳсилро давом диҳанд.

Бештари донишҷӯёне, ки бо мо ҳамсуҳбат шуданд, дар давраҳои охири донишгоҳҳои тиббии Қирғизистон таҳсил мекунанд. Дар шароите, ки ҳанӯз маълум нест, Қирғизистон кай марзҳои худро ба рӯйи шаҳрвандони Тоҷикистон мекушояд, иҷрои хоҳиши донишҷӯён ҳам номаълум мемонад.

Тибқи омори мақомоти Қирғизистон, дар соли хониши 2020-2021 дар он кишвар тақрибан 2 ҳазор донишҷӯи тоҷик таҳсил мекарданд. Шумораи донишҷӯёни қирғиз дар Тоҷикистон 105 нафар будааст.

XS
SM
MD
LG