Ссылки доступа

Хуруҷи вулқон боиси кӯч бастани ҳазорон сокини ҷазираи Палма шуд


Дар ҷазираи Палмаи Канар, дар уқёнуси Атлантика ба далели хуруҷи вулқони Кумбре-Веха наздики панҷ ҳазор сокинро ба ҷои амн кӯчониданд.

Дар наворҳои нашршуда дида мешавад, ки вулқон аз қулаҳо пойин мешавад. Чанд хона тахриб шудааст.

Раиси ҳукумати Испания Педро Санчес ба ҷои ҳодиса омадааст. Ба гуфтаи вай, ҳукумати кишвараш талош хоҳад кард, ки оташсӯзии бузург рух надиҳад.

"Аз одамон дархост шудааст, ки эҳтиёткор бошанд ва аз маҳалли сар задани вулҷон дур раванд", - омадааст дар муроҷиатномаи ҳукумати маҳаллӣ. Дар ҷазираи Палма наздики 80 ҳазор кас зиндагӣ мекунад.

Бори охир вулқони Кумбре-Веха 50 сол пеш, дар соли 1971 хуруҷ карда буд.

XS
SM
MD
LG