Ссылки доступа

ИМА ва Бритониё роҷеъ ба интихоботи Русия изҳорот нашр карданд


Департаменти давлатии ИМА 20 сентябр дар робита ба натиҷаҳои интихоботи Думаи давлатӣ ва мақомоти маҳаллӣ дар Русия, ки рӯзҳои 17-19 сентябр баргузор шуд, изҳоротеро нашр кард.

"Интихобот дар шароите баргузор шуд, ки ба изҳори иродаи озод ва одилона мусоидат намекард. Ҳукумати Русия аз қонунҳо дар бораи "созмонҳои мамнуъ", "агентҳои хориҷӣ" ва "созмонҳои номатлуб" сӯистифода карда, гуногунандешии сиёсиро сахт маҳдуд намуд ва ба шаҳрвандон иҷозат надод, ки ҳуқуқҳои сиёсӣ ва мадании хешро истифода бубаранд", - омадааст дар изҳороти департамент, ки дар сомонаи расмии ин ниҳод нашр шудааст.

Ба гуфтаи департамент, Русия ба нозирони Созмони Амнияту Ҳамкорӣ дар Аврупо иҷозат надодааст, ки интихоботро назорат кунанд ва ин чиз шаффофияти онро зери суол қарор дод.

Вазорати умури хориҷии Бритониё ҳам роҷеъ ба интихоботи вакилони Думаи давлатии Русия изҳоротеро нашр кардааст.

Бритониё баргузории интихоботи мақомоти маҳаллии Русияро дар "ҳудуди соҳибихтиёри Украина" маҳкум ва бори дигар таъкид кардааст, ки "ғасби Қрим аз сӯи Русия дар соли 2014 ғайриқонунӣ буд ва мемонад".

Интихоботи вакилони Думаи давлатӣ ва мақомоти маҳаллӣ дар Русия се рӯз идома кард. Ин интихобот ҳам баҳсҳоеро дар дар пай дошт. Шоҳидон гуфтанд, ҳолатҳои овоздиҳӣ ба ҷои дигарон ва дур кардани нозирон аз минтақаҳои раъйдиҳиро мушоҳида кардаанд.

XS
SM
MD
LG