Ссылки доступа

Дар Узбекистон ба наздики 100 хонаводаи аз обанбори Сардоба зиёндида хона надоданд


Тартиби муқарраркардаи ҳукумати Узбекистон барои тақсими манзил ба сокинони аз тахриби обанбори Сардоба зиёндида риоят нагардида ва дар натиҷа 147 манзил беасос тақсим шудааст.

Ин дар ҳолест, 99 шаҳрванд, ки қонунан мебоист, соҳиби манзил шаванд, аз сӯи давлати Узбекистон манзил нагирифтанд.

Дар ин бора комисияи мустақили тақсими манзилҳо гузориш додааст.

В Узбекистане прорвало дамбу Сардобинского водохранилища: как это было
пожалуйста, подождите

No media source currently available

0:00 0:01:48 0:00

Илёс Ҳамзақулов - яке аз 99 сокини вилояти Сирдарё аст, ки аз тахриби обанбор зиён дид ва мебоист, соҳиби манзил шавад. Аммо барои вай хона нарасид.

Комисия чунин хулоса кардаст, ки дар ноҳияи Мирзооб 61 манзил, дар ноҳияи Акалтин 51 манзил ва дар ноҳияи Сардобин 35 манзил бе асос ба сокинон тақсим шудааст.

Дар ҳоле, ки 70 хонавода дар ноҳияи Мирзообод, 20 хонавода дар ноҳияи Акалтин ва 9 хонавода дар ноҳияи Сардобин бе сарпаноҳ мондаанд.

Дар натиҷаи тахриби садди обанбори Сардобин дар Узбекистон шаби 1 майи соли 2020 2570 манзили хусусӣ ва 76 бинои бисёрошна зиён дид.

XS
SM
MD
LG