Ссылки доступа

Дар Қазоқистон аз сабти навъи "Эта"-и коронавирус хабар доданд


Дар Қазоқистон навъи "Эта"-и коронавирус, ки дар матбуот бештар бо номи "навъи нигерӣ" ёд мешавад, сабт гардидааст.

Дар ин бора рӯзи 21 сентябр вазири ҳифзи тандурустии он кишвар Алексей Тсой хабар дод.

Ба иттилои вазир, навъи "Эта" дар чаҳор минтақа: вилоятҳои Қарағанда, Павлодар, Мангистау ва шаҳри Нурсултон сабт шудааст.

Вазири ҳифзи тандурустии Қазоқистон гуфт, навъи "Эта"-и коронавирус ҳанӯз моҳи декабри соли 2020 дар Нигерия ва Бритониё ташхис шуда буд.

XS
SM
MD
LG