Ба иттилои телевизиони "Узбекистон 24", додситони яке аз ноҳияҳои вилояти Ҷизах аз раҳбари як ширкати сохтмонӣ барои қатъи парванда алайҳи ӯ ду ҳазор доллар талаб кардааст. Додситон нахуст 800 долларро дарёфт карда, ҳангоми гирифтани 1200 доллари боқӣ дастгир шудааст.
Манбаъ афзуда, ки маъмурони амниятӣ ҳамчунин муовини додситони яке аз ноҳияҳои вилояти Самарқандро дастгир кардаанд. Ӯ ба он айбдор мешавад, ки ҷазои яке аз кишоварзони маҳаллиро тағйир дода, барои барқарор кардани ҷазои пешин, ки сабуктар будааст, 10 ҳазор доллар талаб намудааст.
Дар ҷараёни як амалиёти дигар сардори Бюрои иҷрои иҷбории яке аз ноҳияҳои вилояти Намангон ҳам ҳангоми гирифтани пора барои интиқоли донишҷӯ аз як донишгоҳ ба донишгоҳи дигар дастгир шудааст.