Ссылки доступа

Се тоҷики қирғизистониро ба зиндон маҳкум карданд. Пайвандонашон розӣ нестанд


Додгоҳи ноҳияи Лайлаки вилояти Бодканд рӯзи 21-уми сентябр се шаҳрванди тоҷиктабори Қирғизистонро ба зиндон маҳкум кард. Онҳо ба содир кардани ҷиноят ҳангоми низои мусаллаҳонаи моҳи апрел дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон гунаҳкор шудаанд.

Додгоҳ Акмалҷон Исоевро бо гуноҳи "убури ғайриқонунии марз", "қочоқи маводи мухаддир" ва "ғоратгарӣ" 15 сол ва Аюбҷону Амонҷонро бо гуноҳи "убури ғайриқонунии марз" ва "ғоратгарӣ" 8,5-солӣ ба зиндон маҳкум кард.

Пайвандони баъзе аз онҳо гуфтанд, бо ҳукми додгоҳ розӣ нестанд ва барои бозбинии он шикоят хоҳанд бурд. Дигарон гуфтанд, хулосаи худро баъд аз гирифтани матни ҳукм баён медоранд.

Бино ба санадҳое, ки пештар Радиои Озодӣ дастрас карда буд, ин афрод ба "хиёнат ба ватан" низ гумонбар буданд. Майсара Исоева, хоҳари Акмалҷон Исоев, ки дар додгоҳ ҳузур дошт, рӯзи 21-уми сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ин модда аз парвандаи бародараш ва ду нафари дигар бардошта шуд.

Пештар вакили мудофеъ пешниҳод карда буд, ки бо далели тасдиқ нашудан, моддаи қочоқи маводи мухаддир низ аз парвандаи Акмалҷон Исоев бардошта шавад, аммо намояндаи додситонӣ ва додгоҳ қабул накардаанд.

Майсара Исоева мегӯяд, "Акмалҷон дар сухани охирини худ гуфт, ғоратгарӣ ва қочоқи маводи мухаддир нисбат ба ӯ туҳмат аст ва бо сохтакорӣ ба гарданаш бор карда шудааст. Додрас таваҷҷуҳ накард. Бовар дорам, онҳоро барои тоҷик будан ҷазои сахт доданд. Аз рӯи ҳукм шикоят мебарем."

Комилҷон Урунов, падари Аюбҷон, яке аз маҳкумшудаҳо, гуфт, дар мурофиаи рӯзи сешанбе ҳузур дошт, вале пас аз гирифтани матни ҳукм назари худро баён медорад.

Ҳафтаи гузашта додгоҳи ноҳияи Лайлак ду шаҳрванди Тоҷикистон – Абдурозиқ Қаҳҳоров ва Аскар Юнусовро бо гуноҳи “ҷиноят алайҳи сулҳ” ва “ғоратгарӣ” ба ҳабси абад маҳкум намуд.

XS
SM
MD
LG