Ссылки доступа

ИМА бори аввал зидди сомонае таҳрим ҷорӣ кард, ки ба табодули асъори крипто машғул аст


ИМА бори аввал зидди сомонае таҳрим ҷорӣ кард, ки ба табодули асъори крипто - SUEX машғул аст. Дар ин бора вазорати молияи ИМА хабар дод.

Дар изҳороти вазорати молияи ИМА омадааст, ки бозори крипто тавассути намояндагиҳояш дар Русия имкон медод, ба ҳамлаҳои киберӣ пардохти ғайриқонунӣ сурат гирад.

Ба иттилои мақомоти амрикоӣ, бештар аз 40 дарсади доду гирифти SUEX ба созмонҳои ғайриқонунӣ марбут буд.

Аз замони таъсисаш дар соли 2018 SUEX асъори крипторо ба садҳо миллион доллар - асосан ба биткоинҳо табодул кардааст. Дар соли 2020 пардохт ба рахнагарони тамаъҷӯ ва қаллобон ба бештар аз 400 миллион доллар расидааст - ин нишондод нисбат ба соли 2019 чаҳор баробар бештар аст.

SUEX ҳамчун шахси ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Чех сабти ном шудааст, аммо дар он кишвар ҳузур надорад. Ин созмон дар намояндагиҳои он дар Москва ва Санкт-Петербург, инчунин чанд минтақаи дигари Русияву Шарқи Наздик амал мекунад. SUEX мегӯяд, метавонад, асъори крипторо дар ин намояндагиҳояш ба асъори нақдӣ диҳад.

XS
SM
MD
LG