Ссылки доступа

Таҷаммуи сокинони Қазоқистон бо талаби ислоҳоти низоми додгоҳӣ


Ҳудуди даҳ шаҳрванди Қазоқистон, ки аз ҳукми додгоҳҳо норозӣ ҳастанд, 21 сентябр дар назди бинои Додгоҳи олии он кишвар дар шаҳри Нурсултон ҷамъ шуданд.

Шикояти таҷаммуъгарон гуногун аст, вале ҳамаашон бозбинии ҳукм ё парвандаи худ ва наздиконашонро талаб доранд.

Шаҳрвандони норозӣ мақомоти Қазоқистонро ба ислоҳи сартосарии низоми додгоҳӣ даъват карданд. Ба гуфтаи онҳо, набудани адолати судӣ сокинонро ноумед хоҳад кард.

Фаъоли маданӣ аз шаҳри Алмато Илшат Кензин гуфт, қурбони қаллобие шудааст ва 10 сол мешавад, барои муҷозот кардани гумонбар талош дорад, вале муваффақ намешавад. Ба гуфтаи ӯ, додгоҳи Алмато гумонбарро "сафед" кардааст.

Дари қабулгоҳи Додгоҳи олии Қазоқистон рӯзи 21 сентябр баста буд. Дар огоҳномаи пушти дар "карантин" навишта шудааст.

Эътирози шаҳрвандони Қазоқистон, ки аз ҳукми додгоҳҳои ин кишвар норозӣ ҳастанд, вақтҳои ахир афзоиш ёфтааст.

XS
SM
MD
LG