Ссылки доступа

Эрдуғон бори дигар гуфт, Туркия пайвастани Қрим ба ҳайати Русияро эътироф намекунад


Президент Турции Реджеп Эрдоган
Президент Турции Реджеп Эрдоган

Президенти Туркия Раҷаб Эрдуғон дар ҷаласаи 76-уми Маҷмаи умумии СММ гуфт, Анқара аз ҳифзи тамомияти арзии Украина ҷонибдорӣ карда, пайвастани нимҷазираи Қрим ба ҳудуди Русияро эътироф намекунад.

Вазорати умури хориҷии Туркия низ пештар интихоботи Думаи давлатии Русияро дар нимҷазира эътироф накарда буд. Дар изҳороти вазорат гуфта шуд, ки натиҷаи интихоботи дума дар Қрим барои Анқара қуваи ҳуқуқӣ надорад ва Туркия пайвастани нимҷазираи Украина ба ҳайати Русияро ғайриқонунӣ медонад.

Дар Кремл тасмими Туркия дар мавриди эътироф накардани натиҷаҳои интихоботро ғайри қобили қабул номиданд. Вазорати умури хориҷии Русия гуфт, дар ин бора изҳороти ҷавобиеро нашр мекунад. Сухангӯи президенти Русия Дмитрий Песков гуфт, Москва умедвор аст, ки Анқара мавқеи худро тағйир медиҳад.

Эрдуғон дар гузашта борҳо гуфта буд, ки Туркия пайвастани Қрим ба ҳудуди Русияро эътироф нахоҳад кард.

XS
SM
MD
LG