Ссылки доступа

Дар Хирманҷо барои паноҳандагони афғон урдугоҳ месозанд


Қарор аст, Тоҷикистон бо ёрии Иттиҳоди Аврупо дар мавзеи Хирманҷои ноҳияи Шамсиддини Шоҳин (Шӯроободи пешин) барои паноҳандагони афғон як урдугоҳ бисозад. Деҳаи Хирманҷо дар сарҳад бо Афғонистон ҷойгир аст.

Як манбаъ дар ҳукумати ноҳияи Шамсиддини Шоҳин рӯзи 21-уми сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, барои сохтани урдугоҳ ё паноҳгоҳ дар баробари мавзеи Хирманҷо боз ду макони дигарро ҳам интихоб кардаанд.

"Сафири Иттиҳоди Аврупо ба дидани маконҳое меояд, ки дар онҷо урдугоҳ бояд сохта шавад. Пас аз ин, сохтани урдугоҳ дақиқ хоҳад шуд. Ҳоло ду-се мавзеъ дар ноҳияи мо мушаххас шудааст", -- афзуд манбаъ, ки нахост номаш зикр шавад.

Раиси вилояти Хатлон дар нишасти хабарии тобистонааш гуфт, онҳо дар ноҳияи Ҷайҳун (Қумсангири пешин) бо кумакҳои созмонҳои байналмилаӣ як урдугоҳ месозанд.

Пеш аз ин Иттиҳоди Аврупо эълон карда буд, ки барои кумак ба паноҳҷӯёни Афғонистон дар хоки Тоҷикистон 160 ҳазор евро ҷудо мекунад.

Дар баёнияи ин ниҳод аз 14-уми сентябр гуфта шуда буд, ки дар ҳудуди вилояти Хатлон ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ки бо Афғонистон ҳаммарзанд, эҳтимол то 5 ҳазор фирориён паноҳ баранд.

Эълони Иттиҳоди Аврупо дар ҳолест, ки вазири умури дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода дар мулоқоташ бо Мулугета Зевди, роҳбари намояндагии Комиссари олии Созмони Милал дар умури паноҳандагон (UNHCR), аз набудани ёрӣ дар "20 соли гузашта" шикоят карда буд.

Пас аз суқути вилоятҳои шимолии Афғонистон ба дасти «Толибон», садҳо нафар ба кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла ба Тоҷикистон фирор карданд. Баъзе аз онҳо, бахусус низомиён, ба кишвари худ бозпас фиристода шуда, қисме дар вилояти Бадахшон ва гӯшаҳои дигари Тоҷикистон нигоҳдорӣ мешаванд.

Иттиҳоди Аврупо бо такя ба UNHCR – Дафтари Созмони Милал дар умури паноҳандагон пешбинӣ кардааст, ки "то охири соли 2021 метавонад, дар Тоҷикистон то 50 ҳазор гуреза сабти ном шавад".

Тоҷикистон бо Афғонистон 1400 километр марзи муштарак бо Афғонистон дорад.

XS
SM
MD
LG