Ссылки доступа

Фаъоли қазоқ баъди даъват ба таҳрими Назарбоев боздошт шуд


Правозащитница Алима Абдирова на одном из предыдущих одиночных пикетов перед зданием акимата Актюбинской области. Актобе, 11 мая 2021 года
Правозащитница Алима Абдирова на одном из предыдущих одиночных пикетов перед зданием акимата Актюбинской области. Актобе, 11 мая 2021 года

Фаъоли мадании қазоқ Алима Абдирова 22 сентябр дар шаҳри Оқтеппаи Қазоқистон дар ҷараёни ҳамоиши эътирозии инфиродӣ боздошт шуд. Кормандони пулис ҳомии ҳуқуқ Олга Климоноваро низ, ки рафти эътирозро ба навор мегирифт, бо худ бурданд.

Дар ин бора худи Абдирова хабар дод. Ӯ гуфт, барои баргузор кардани эътирози инфиродӣ дар рӯзҳои 21-23 сентябр иҷозат гирифта буд. Фаъоли мадании қазоқ дар рӯзи нахустини эътирози худ аз Иттиҳоди Аврупо даъват кард, ки зидди президенти пешини Қазоқистон Нурсултон Назарбоев таҳрим эълом кунад. Дар натиҷа 22 сентябр, дар рӯзи дувуми эътироз дастгир карда шуд.

Сардори пулиси вилояти Оқтеппа Айбек Копенов тасдиқ кард, ки Абдироваро боздошт кардаанд.

Абдирова мегӯяд, 21 сентябр аз ҳукумати Оқтеппа занг зада, ӯро огаҳ карданд, ки "формати огоҳкуниро нақз кардааст" ва эҳтимол аст, пулис вайро боздошт кунад. Вале фаъоли маданӣ гуфтааст, қоидаеро вайрон накардааст.

Алима Абдирова дар эътирозҳои инфиродии 16-18 сентябри соли равон ҳам Иттиҳоди Аврупоро ба таҳрими Назарбоев даъват карда буд. Ба гуфтаи вай, таъқибҳои сиёсии шаҳрвандон ва нақзи ҳуқуқи инсон дар давраи раҳбарии Назарбоев ба як таҷрибаи маъмулӣ табдил ёфта буд.

XS
SM
MD
LG