Ссылки доступа

Президенти Туркманистон дар Маҷмаи умумии СММ бо навори сабтшуда суханронӣ кард


Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов, президенти Туркманистон дар Маҷмаи умумии СММ рӯзи 21 сентябр бо суханронии аз қабл сабтшуда баромад кард.

Рӯзҳо 21-27 сентябр дар қароргоҳи СММ дар шаҳри Ню-Йорки ИМА ҷаласаи 76-уми Маҷмаи умумӣ баргузор мешавад.

Роҳбарони бархе аз кишварҳо бо суханрониҳои аз пеш сабтшуда дар ин ҷаласа баромад мекунанд.

Бердимуҳаммадов дар суханрониаш дар мавзуҳои мубориза бо вабои коронавирус ва вазъи Афғонистон суҳбат кард.

Вай дар ин суҳбат муборизаи ҷомеаи ҷаҳониро дар баробари вабои коронавирус нокофӣ баҳо дод. Ин дар ҳолест, ки ҳукумати Туркманистон мавҷудияти вабои коронавирусро дар ин кишвар рад мекунад.

Бердимуҳаммадов гуфт, кишвараш ба Афғонистон кӯмаки иқтисодӣ ва башардӯстона хоҳад расонид.

XS
SM
MD
LG