Ссылки доступа

Қирғизистон тамоми муҳоҷиронашро дар Русия рӯйхат мекунад


Мақомоти Қирғизистон тасмим доранд, аз 4 то 17 октябри соли равон маълумоти биометрии ҳамаи муҳоҷирони кории ин кишвар дар Русияро ҷамъоварӣ ва дар консулгариҳо ба қайд бигиранд.

Ба иттилои бахши қирғизии Радиои Озодӣ, ин нукта дар мулоқоти аъзои Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Қирғизистон (КМИРҚ) бо намояндагони ҷамъияти қирғизҳо дар Русия, ки дар шаҳри Москва баргузор шуд, зикр гаштааст.

Узви КМИРҚ Анор Дубанбоева гуфтааст, ҷамъоварии маълумоти биометрӣ ва бақайдгирии муҳоҷирон дар консулгариҳо ба хотири он анҷом дода мешавад, ки онҳо тавонанд дар интихоботи порлумонӣ иштирок кунанд.

Ба гуфтаи масъулони комиссия, дар Русия, аз ҷумла дар шаҳрҳои Москва, Қазон, Краснодар, Самара ва Санкт-Петербурги он кишвар 20 нуқтаи раъйдиҳӣ ташкил карда мешавад.

Қирғизистон 28 ноябри имсол интихоботи порлумонӣ дорад. Порлумони нави ин кишвар аз 90 вакил иборат хоҳад буд.

XS
SM
MD
LG