Ссылки доступа

Тазоҳуроти шинҷониҳо дар назди консулгарии Чин дар Алмато


Таҷаммуи ҳудуди даҳ нафар бо талаби раҳоии наздиконашон аз "урдугоҳҳои бозтарбияи сиёсӣ"-и минтақаи Шинҷон дар назди консулгарии Чин дар шаҳри Алматои Қазоқистон то нимашаб идома кард.

Фаъоли мадании қазоқ Байболат Кунболатулӣ 23 сентябр ба бахши қазоқии Радиои Озодӣ гуфт, таҷаммуъгарон дар аввал гуфтанд, шабро онҷо рӯз мекунанд, вале дертар ба далели сардии ҳаво тасмим гирифта шуд, ки ба хонаҳояшон баргарданд.

Ба гуфтаи ӯ, рафти таҷаммуъро кормандони пулис ва чанд кас дар либоси мулкӣ назорат мекарданд. Ба назди эътирозгарон намояндаи шаҳрдории Алмато омада, гуфтааст, гирдиҳамоӣ "ғайриқонунӣ" аст.

Фаъоли қазоқ мегӯяд, пештар муроҷиатномаеро ба Вазорати умури хориҷии Қазоқистон пешниҳод карда, дар он талабҳои худро қайд карда буданд. Талошҳо барои дарёфти назари вазорат бенатиҷа буданд.

Иқдоми қазоқтаборон пушти дари консулгарии Чин дар шаҳри Алмато 8 феврали соли ҷорӣ шуруъ шуд. Бархе аз онҳо мегӯянд, пайвандони онҳоро дар Чин дар "урдугоҳҳои бозтарбияи Шинҷон нигаҳдорӣ мекунанд". Бархеи дигар иддао доранд, ки пайвандонашон дар Чин бе айбу асосе ба солҳои тӯлонӣ зиндонӣ шудаанд. Гуруҳи севум даъво доранд, ки мақомоти Чин ҳуҷҷатҳои пайвандонашонро мусодира карда, ба онҳо иҷозаи тарки Чинро намедиҳанд.

XS
SM
MD
LG