Ссылки доступа

Биржаи Лондон "Қирғизтило"-ро ширкати беэътимод номид


Иттифоқи касабаи куҳӣ-металлургии Қирғизистон гуфт, қарори LBMA, ки ширкати "Қирғизтило"-ро дастраскунандаи беэътимод меномад, бояд бекор карда шавад.

Дар номаи иттифоқи мазкур омадааст, ки "ин қарори Биржаи металлҳои қиматбаҳои Лондон метавонад ба бахши истихроҷи тилои Қирғизистон таъсири манфӣ расонида", боиси муфлисшавии корхонаи "Кара-Балтинский" шавад. Зеро ба гуфтаи муаллифони нома, коркарди тило дар корхонаи мазкур фоидаовар нахоҳад буд.

"Маҳрум шудан аз унвони "боэътимод" дар баробари талафоти иқтисодӣ дар пай доштан зарбаи сахте ба имиҷи Қирғизистон дар арсаи байналмилалӣ, аз ҷумла дар миёни сармоягузорон хоҳад буд", - омадааст дар номаи Иттифоқи касабаи куҳӣ-металлургии Қирғизистон.

LBMA 17 сентябр дар бораи қарори ахири худ хабар дода, гуфт, тасмими мазкур ба хотири риоя нашудани талаботҳо аз сӯи ширкати қирғизӣ гирифта шудааст.

Бояд гуфт, "Қирғизтило" ягона ширкате дар Қирғизистон аст, ки ҳаққи содироти тилои бузургтарин кони ин кишвар - "Қумтор" ба хориҷро дорад.

XS
SM
MD
LG