Сомонаи Gazeta.uz бо истинод ба телевизиони маҳаллии Sevimli навиштааст, ба худкушӣ таҳқиру хушунатҳое сабаб шудаанд, ки шавҳару хушдомани зан гӯиё барои писар таваллуд накардан ба ӯ раво медидаанд.
Зидди шавҳару хушдомани зан бо айби "ба худкушӣ расонидани модару духтар" парванда боз шудааст. Додгоҳ низ дар пайи баррасии парванда мардро 7 сол зиндонӣ ва озодии модарашро 4 сол маҳдуд кардааст.
Шавҳари зан дар додгоҳ эътироф кардааст, ки ҳамсарашро ба хотири аз номи модараш аз мағоза қарз гирифтан шадидан латтукӯб карда буд. Хушдоман ҳам гуфтааст, моҳи декабри соли гузашта келинашро латтукӯб карда, ба рӯяш обҷӯш пошида буд.