Ссылки доступа

Паёми президенти Қазоқистон ба Маҷмаи умумии СММ


Президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев ба иштирокдорони иҷлосияи 76-уми Маҷмаи умумии СММ паёми видеоии худро ироа кард.

Ӯ дар паёмаш ба пандемияи коронавирус, буҳрони зистмуҳитӣ ва вазъ дар Афғонистон бештар таваҷҷуҳ намудааст.

Президенти Қазоқистон пешниҳод кард, ки дастрасӣ ба ваксинаи зидди коронавирус бояд тавсеа дода шавад. Вай гуфт, Қазоқистон омодааст, дар доираи барномаи "COVAX" ваксинаи худро ба дигарон ҳам диҳад. Тоқаев ҳамчунин афзудааст, иқлими Қазоқистон, ки роҳи баҳрӣ надорад, аз дигарон дида тезтар тағйир меёбад.

Қосимҷомарт Тоқаев ба буҳрони Афғонистон низ дахл карда, гуфтааст, Нурсултон аз даъватҳои Шӯрои амнияти СММ барои ташкили ҳукумати ҳамашумул дар он кишвар аз роҳи гуфтугӯ ҷонибдорӣ менамояд.

"Бояд дар асоси созиш низомеро сохт, ки ба он тамоми намояндагони қавму миллат ва динҳо шомил бошанд", - изҳор доштааст Тоқаев.

XS
SM
MD
LG