Вакилони дифои Дужнов аз додгоҳ хостанд, шахси зери ҳимояашон ба ҳабси хонагӣ гирифта шавад, вале додситон гуфт, ӯ дар сурати дар озодӣ мондан ба рафти тафтишот халал мерасонад.
Дужнов ҳангоми баромади онлайнӣ дар додгоҳ гуфт, аз кардааш пушаймон аст, вале ӯро ба ин кор "беқонунӣ ва ҳукми беасоси додгоҳӣ" водор кард.
Рӯзи 20 сентябр ҳангоми иҷборан берун кардани як хонавода аз манзили зисташон дар ноҳияи Алатауи Алмато тирпаронӣ сурат гирифт. Дар натиҷа ду корманди пулис, як судиҷрочӣ, соҳиби нави хона ва шиносаш кушта шуданд.
Пулиси Алмато дар шарҳи ҳодиса гуфт, соҳиби хона дар эътироз ба гирифта шудани хонааш бо силоҳи шикорӣ ин панҷ нафарро парондааст.
Баҳс бар сари манзили зисти Дужнов, ки дар Бонки "СентрКредит"-и Қазоқистон ба гарав монда шудааст, аз соли 2011 ба ин сӯ идома дошт. Бонк баъди он ки Дужнов ва ҳамсараш натавонистанд пулро баргардонанд, манзили зисти онҳоро дар музоядае фурӯхт.