Ссылки доступа

Қазоқистон эътирозгарони назди сафорати Чинро боздошт кард


Пулиси Қазоқистон шоми 23 сентябр ҳудуди даҳ нафареро, ки бо талаби раҳоияшон аз боздоштгоҳҳои Шинҷон дар назди сафорати Чин дар шаҳри Нурсултон ҷамъ шуда буданд, боздошт кард.

Дар ин бора фаъоли мадании қазоқтабор Байболат Кунболатулӣ, ки бародараш дар яке аз боздоштгоҳҳои минтақаи Шинҷони Чин нигаҳдорӣ мешавад, дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук хабар дод.

"Кормандони пулис ҳамаи занони ҷамъшударо бо худ ба ҷои номаълуме бурданд", - изҳор дошт фаъоли қазоқтабор.

Дар Раёсати пулиси Алмато гуфтанд, ки дар бораи боздошти таҷаммуъгарони назди сафорати Чин маълумот надоранд.

Ҳудуди даҳ нафар аз аввали ҳафтаи равон ба ин сӯ дар назди сафорати Чин дар Нурсултон ҷамъ шуда, раҳоии наздиконашонро аз боздоштгоҳҳои Шинҷон талаб мекунанд. Онҳо 22 сентябр низ дар назди сафорат гирди ҳам омада, хостанд сафири Чин Чжна Сяо Қазоқистонро тарк кунанд. Бештари эътирозгарон занони нафақахӯранд.

XS
SM
MD
LG