Котиботи Додгоҳи шаҳри Душанбе ба Радиои Озодӣ хабар дод, ки мурофиаи Иззат Амонро рӯзи 22-юми сентябр ба поён расонданд. "Қарзаш аз даъвогарон ба 1 миллиону 90 ҳазор рубл ва 1000 доллар баробар буд, ҳамаашро супориданд", -- афзуд манбаъ.
Саидбурҳон Шарифов, вакили мудофеи Иззат Амон, низ рӯзи 23-юми сентябр пурра пардохта шудани қарзи даъвогаронро тасдиқ кард.
Пайвандонаш гуфтанд, бо вуҷуди он ки бо ҳамаи даъво ба зидди Иззат Амон розӣ нестанд, ба хотири раҳоии ӯ пулро супурданд ва мунтазири озодияш ҳастанд. Моддаи "қаллобӣ ба миқдори махсусан калон" (қисми чаҳори моддаи 247-и Кодекси ҷиноӣ), ки бар асоси он алайҳи Иззат Амон парванда боз шуда буд, ба қонуни афв шомил мешавад.
Иззат Амон, раиси созмони "Маркази тоҷикон" дар Маскав, рӯзи 25-уми марти имсол аз шаҳрвандии Русия маҳрум ва аз қаламрави ин кишвар ронда шуд. Пас аз як рӯзи он мақомоти Тоҷикистон аз боздошти ӯ дар Душанбе хабар доданд.
Ба иттилои мақомот, ӯ бар асоси даъвои чанд нафар дастгир шуда, ба қаллобӣ муттаҳам аст. Наздиконаш аксар даъвоҳоро бепоя донистанд.
Тарафдоронаш бовар доранд, боздошти Иззат Амон ва иттиҳоми ба зидди ӯ дар асл дорои ангезаҳои сиёсӣ буда, ба танқидҳояш аз ҳукумати Тоҷикистон рабт мегирад. Ӯ дар баробари кумаки ҳуқуқӣ ба муҳоҷирон дар Русия, дар шабакаҳои иҷтимоӣ низ фаъол буд ва аз баъзе аз сиёсатҳои ҳукумати Тоҷикистонро зери тозиёнаи танқид мегирифт.