Ссылки доступа

Дар Узбекистон занеро мумкин аст, 10 сол зиндонӣ кунанд, ки марди таҷовузкорро кушт


Дар вилояти Қашқадарёи Узбекистон рӯзи 25 июни соли ҷорӣ зани ҳомилае ба марди ҳамсояаш бо корд ҳамла кард, ки мехост, ӯро таҷовуз кунад.

Дар натиҷаи захми кор мард фавтид.

Мақомоти додситонии Узбекистон ахиран хабар доданд, ки парвандаи куштори мард ба охир расида, ба додгоҳ ирсол шудааст.

Зани ҳомила дар асоси моддаи "Куштори барқасдона" муҳокима мешавад. Дар сурати исботи айб, мумкин аст, ӯро аз 10 то 15 сол зиндон кунанд, хабар медиҳанд расонаҳои Узбекистон.

XS
SM
MD
LG