Ссылки доступа

Ҳабси мансабдорони баландпояи пешини Қирғизистон тамдид шуд


Додгоҳи ноҳияи Якуми майи шаҳри Бишкеки Қирғизистон қарор кардааст, ки сарвазири пешин Ҷоомарт Оторбоев, вакилони порлумони ин кишвар Асилбек Ҷеенбеков ва Торобой Зулфиқоровро то 30 ноябри соли равон дар ҳабс бимонанд.

Асилбек Ҷеенбеков, бародари президенти пешини Қирғизистон Сооронбой Ҷеенбеков 31 майи имсол ҳамроҳи Торобой Зулфиқоров бо гумони фасодкорӣ дар марҳалаҳои гуногуни иҷрои тарҳи кони тилои "Қумтор"-и он кишвар дастгир шуд. Додгоҳ бори дувум муҳлати ҳабси вайро то 30 сентябр тамдид карда буд.

Ҷоомарт Оторбоев низ, ки ҳукумати Қирғизистонро аз моҳи марти 2014 то апрели соли 2015 роҳбарӣ карда буд, 16 сентябри соли равон боздошт гардид. Вай дар доираи парвандаи фасодкорӣ ва дигар қонуншиканиҳои марбут ба кони "Қумтор" дастгир шудааст.

"Қумтор" чанд соли охир дар меҳвари баҳсҳои моливу иқтисодӣ қарор гирифта, айни замон ба масъалаи баҳсӣ миёни ҳукумати Қирғизистон ва ширкати канадагии Centerra Gold табдил ёфтааст.

Дар доираи парвандаи ҷиноии фасодкорӣ дар ин кон ҳамроҳ бо бародари Сооронбой - Асилбек Ҷеенбеков, сарвазири дигари пешини он кишвар Омурбек Бабанов, вакилони пешини порлумони Қирғизистон Исҳоқ Пирматов, Торобой Зулфиқоров ва Талантбек Узакбоев ва вакилону мансабдорони дигар боздошт гаштаанд. Худи Сооронбой Ҷеенбеков ҳам ба ҳайси шоҳид бозпурсӣ шудааст.

XS
SM
MD
LG