Ссылки доступа

Дар Узбекистон кормандони шуъбаи ободонӣ дар хонаи муовини раис лӯбиё хушк мекардаанд


Вазорати меҳнати Узбекистон гуфт, муовини раиси ноҳияи Бустони вилояти Андиҷони он кишвар, ки кормандони идораи ободонии ноҳияро дар хонааш иҷборан кор мефармуд, муҷозот шудааст.

Ба огаҳии вазорат, Нозироти давлатии меҳнат дар вилояти Андиҷон баъди нашри хабарҳо дар ин бора дар шабакаҳои иҷтимоӣ санҷиш гузарондааст.

Дар рафти санҷиш маълум шудааст, кормандони идораи ободонии Бустон дар хонаи муовини раиси ноҳия лӯбиё хушк ва тоза мекардаанд.

Муовини раиси ноҳияи Бустон, ки ному насабаш ифшо намешавад, бар асоси банди 51-и Қонуни меҳнати иҷбории Узбекистон 13,5 миллион сӯм $1300 ҷарима карда шудааст.

Пештар додситони ноҳияи Қурғонтеппаи вилояти Андиҷон ҳам, ки кормандони шуъбаи ободонии ноҳияро дар хонааш иҷборан кор мефармуд, баъди расонаӣ шудани ин хабар аз мақомаш истеъфо дод.

XS
SM
MD
LG