Ссылки доступа

Масири роҳпаймоиҳоро дар шаҳри Алмато мехоҳанд, кутоҳтар кунанд


Дар шаҳри Алматои Қазоқистон мехоҳанд, масири роҳпаймоӣ ва намоишҳои осоиштаро бо дархости пулис ду баробар кам кунанд. Дар ин бора дар қарори маҷлиси шаҳрии Алмато зикр шудааст.

Бино ба қарори мазкур аз 23 июни соли 2020, масири роҳпаймоиҳоро мехоҳанд, ба таври зер тағйир диҳанд:

"Аз тандиси Токаш Бокин дар кӯчаи Кунаев то чорроҳаи кӯчаи Шевченко, аз кӯчаи Шевченко то гулгашти "Шокан Валиханов" (на бештар аз 1000 одам)".

Дар қарори кунунӣ масири роҳпаймоӣ чунин омадааст: "Аз гулгашти ба номи "Шокан Валиханов" то боғи ба номаи "Маҳатма Гандӣ" дар кӯчаи Шевченко". Тӯли ин масир 4,4 км-ро ташкил медиҳад.

Агар маҷлиси шаҳрӣ ин тағйиротро қабул кунад, пас масири роҳпаймоӣ 1,5 км-ро ташкил хоҳад дод. Қарори мазкур ба муҳокимаи умум гузошта шудааст.

Евгений Жовтис, мудири қазоқистонии Бюрои ҳуқуқи инсон ва риояи қонун гуфт, тағйироти пешниҳодшуда "идомаи нодида гирифтани ҳуқуқи инсонҳо ба роҳпаймоии осоишта аст".

XS
SM
MD
LG