Ссылки доступа

Ҳукумати Қазоқистон барои барқарории парвозҳои дохилии он кишвар миллиардҳо танга ҷудо кард


Барои пуштибонӣ аз парвозҳои вилояти Туркистони Қазоқистон ҳукумати он кишвар 2,3 миллиард танга (муодили 5,3 миллион доллар) ҷудо кард.

Дар ин бора вазорати сановат ва рушди зерсохтории Қазоқистон иттилоъ дод.

Дар буҷаи Қазоқистон барои ҳимоят аз парвозҳои доимии дохилӣ дар соли 2021 5,5 миллиард танга пешбинӣ шудааст. Ин парвозҳоро ширкатҳои ҳавопаймоии "Qazaq Air" ва "SCAT" анҷом медиҳанд.

XS
SM
MD
LG