Ссылки доступа

Дар Қирғизистон фаъолияти "мафияи фармасевтӣ" ошкор шудааст


Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон ҷузъиёти парвандаи "мафияи фармасевтӣ"-еро, ки ахиран раиси ин ниҳод Қамчибек Тошиев дар бораи он хабар дода буд, ифшо кард.

Дар иттилоияи кумита, ки 27 сентябр нашр шуд, омадааст, "як гуруҳи ширкатҳо маводи дорувориро аз хориҷ ба Қирғизистон ворид карда, бо нархи ниҳоят гарон ба сокинон мефурӯхтаанд".

Дар доираи ин парванда дар коргоҳу анборҳои ширкатҳо бозҷӯӣ сурат гирифта, асноди молие дарёфт ва мусодира шудаанд, ки вуҷуд доштани "муҳосиботи дугона"-ро тасдиқ мекунанд. Ин ширкатҳоро мансабдорони давлатӣ ҷонибдорӣ ва ҳимоят мекардаанд.

"Тафтишот ҳаҷми хисороти ин ширкатҳо ба буҷаи давлатро аз ҳисоби кам пардохтани андоз ва доираи гумонбаронро муайян хоҳад кард", - афзудаанд масъулони кумита.

Раҳбари яке аз ширкатҳои мазкур боздошт ва бо гумони фасодкорӣ ба ҳабси пешакӣ гирифта шудааст.

Тошиев 26 сентябр дар маросими ифтитоҳи Идораи амнияти ноҳияи Алайи Ӯш гуфт, дар Қирғизистон фаъолияти "мафияи фармасевтӣ" бо иштироки табибон ва мансабдорон ошкор карда шуд.

XS
SM
MD
LG