Ссылки доступа

Русия се гумонбар ба ҷиноятҳои гуногунро ба Узбекистон месупорад


Мақомоти Русия тасмим доранд, се нафареро ба Узбекистон истирдод кунанд, ки ба қочоқи маводи мухаддир ва ҷиноятҳои моликият айбдор мешаванд.

Ба огаҳии Додситони кулли Русия, шаҳрванди Узбекистон А.Т. моҳи майи соли 2020 ба ҳудуди Русия ғайриқонунӣ маводи мухаддир ворид карда, нигаҳ медоштааст. Ӯ моҳи феврали имсол ҳангоми додани ришва дар ҳаҷми 100 доллар ба сардори пулис дастгир шудааст.

Ҳамчунин эҳтимол аст, шаҳрванди Узбекистон Т. С. ҳам ба ватан истирдод шавад. Вай ба он гумонбар мешавад, ки бо ваъдаи пайдо кардани ҷойи кор дар Финляндия пули сокинонро аз худ кардааст.

Додситонии Русия зидди шаҳрванди дигари Узбекистон И. С. бо банди қаллобӣ парванда кушодааст. Ӯ низ ба Узбекистон таслим карда мешавад.

Се нафар бо дархости Додситонии кулли Узбекистон истирдод мешаванд.

XS
SM
MD
LG