Ссылки доступа

Туркманистон бо гузашти низомӣ 30-солагии истиқлолро таҷлил кард


Дар Туркманистон рӯзи 27 сентябр аз 30-солагии истиқлоли ин кишвар таҷлил шуд. То 4 соли пеш Туркманистон рӯзи истиқлолашро 27 октябр таҷлил мекард. 

Расонаҳои давлатии Туркманистон хабар доданд, 27 сентябр дар шаҳри Ишқобод гузашти низомӣ сурат гирифт.

Ҳамчунин, бахшида ба рӯзи истиқлол дар шаҳри Ишқобод консерт барпо шуд. Чорабиниҳои ҷашнӣ рӯзи 28 сентябр бо тақдими туҳфаву рутбаҳо ба низомиён ба поён мерасад.

Таҷлил аз ҷашн дар ҳолест, ки расонаҳо менависанд, сокинон ҳолу ҳавои ҷашнӣ надоранд. Сокинон бештар аз мушкили марбут ба камбуди ғизо ва паҳншавии вабо нигаронанд.

XS
SM
MD
LG