Ссылки доступа

Суханронии намояндаи Афғонистон дар Маҷмаи умумии СММ лағв шуд


Суханронии намояндаи ҳукумати пешини Афғонистон дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид бекор шуд. Ғулом Муҳаммад Исҳоқзай тибқи барнома бояд рӯзи 27-уми сентябр дар нишасти солонаи Маҷмаи умумии СММ суханронӣ мекард.

Cухангӯи раиси Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид рӯзи душанбе ба расонаҳо гуфтааст, Афғонистон ба унвони узви СММ дархост барои суханронии намояндаи худро бекор кардааст. Ӯ гуфтааст, дафтари Афғонистон дар Созмони Милали Муттаҳид сабаби бекор кардани суханрониро шарҳ надодааст.

Ғулом Муҳаммад Исҳоқзай нисбат ба "Толибон" мавзеъгириҳои сахт дорад ва қаблан аз ҷомеаи ҷаҳонӣ хоста буд, ин гуруҳи ифротиро ба расмият нашносанд.

Чанд рӯз қабл гуруҳи "Толибон" аз Созмони Милали Муттаҳид хоста буд, ки Амирхон Муттақӣ, вазири корҳои хориҷии "Толибон" барои суханронӣ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид даъват шавад.

То ҳанӯз ҳеч кишвар ҳукумати "Толибон"-ро ба расмият нашинохтааст. То ба ҳол Ғулом Муҳаммад Исҳоқзай намояндаи ҳукумати пешини Афғонистон намояндаи ин кишвар дар СММ мебошад. "Толибон" дар номаи худ ба СММ таъкид карда буд, ки Исҳоқзай дигар намояндаи Афғонистон дар ин созмон нест.

Бо таваҷҷуҳ ба он, ки ҳеҷ кишвари ҷаҳон ҳукумати "Толибон"-ро ба расмият нашинохтааст, дар соли ҷорӣ ҳеч намояндае аз Афғонистон дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид суханронӣ нахоҳад дошт.

Гурӯҳи "Толибон" рӯзи 15-уми август, пас аз фирори президент Ашраф Ғанӣ, вориди Кобул шуд ва қудратро дар Афғонистон ба даст гирифт. Дар пайи вуруди онҳо ба Кобул, садҳо ҳазор нафар Афғонистонро тарк кардаанд.

XS
SM
MD
LG