Ссылки доступа

Centerra аз додгоҳи ҳакамӣ хост, нисбати Қирғизистон фавран чораҷӯӣ кунад


Ширкати Centerra Gold Inc. рӯзи 27 сентябр эълом кард, ки ба додгоҳи байналхалқии ҳакамӣ шикоят бурда, хостааст, нисбати Қирғизистон ва ширкати "Қирғизолтин" фавран чораҷӯӣ шавад.

Дар хабарномаи Centerra омадааст, шикоят "ба хотири ҳалли мушкилоти вахими истифода ва бехатарии кони тилои Қумтор" бурда шуда ва тавассути ин шикоят Centerra талош дорад, "аз зарари ҷуброннопазири Қирғизистон ва ширкати "Қирғизолтин" ба кони тило пешгирӣ кунад".

Ширкати канадагии Centerra аз додгоҳ хостааст, "то замони тасмими ниҳоии додгоҳи ҳакамӣ, фавран чораҷӯӣ кунад".

Ба иттилои Centerra, бино ба шартномаи сармоягузорӣ, баҳсҳои додгоҳӣ дар шаҳри Стокҳолми Шветсия баргузор хоҳанд шуд. Дар ин додгоҳ парванда бар асоси қонунҳои аёлати Ню-Йорки ИМА ва Бритониё баррасӣ мешавад.

Ҷониби Қирғизистон шикояти ширкати канадагиро ҳанӯз шарҳ надодааст.

Рӯзи 27 сентябр раиси кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон Қамчибек Тошиев бо ҳадафи ҳалли баҳсҳо атрофи кони тилои Қумтор ба Женева рафт.

Вазъ атрофи кони тилои Қумтори Қирғизистон баҳори соли ҷорӣ шиддат гирифт. Моҳи майи имсол порлумони Қирғизистон дар кони мазкур мудирияти хориҷӣ таъйин кард. Комисияи давлатии Қирғизистон гуфт, ширкати канадагӣ бояд ба Қирғизистон 4 миллиарду 252 миллион доллар андоз ва зиёни муҳитзистӣ пардозад.

Ширкат ин айбҳоро рад ва ҳукумати Қирғизистонро ба додгоҳ кашид.

XS
SM
MD
LG