БАБР мегӯяд, дар ҳоли ҳозир дар бораи шартҳои сармоягузорӣ созишнома имзо шудааст. Ба иттилои бонк, маблағи умумии сармоягузорӣ ба фурудгоҳи Алмато 780 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад.
Фурудгоҳи Алмато бузургтарин фурудгоҳи Қазоқистон буда, терминали қабул ва гусели мусофирони он соли 2004 бо пули давлат бунёд шудааст. Сохтмони терминал баъди оташсӯзие оғоз шуд, ки бинои куҳнаи фурудгоҳро маҳв кард.
Ин фурудгоҳ дар соли 2020 сарфи назар аз пандемияи коронавирус ба 3,6 миллион мусофир хидмат расонда, солро бо даромад ҷамъбаст кард.