Ҳомии ҳуқуқ аз шаҳри Павлодар Елена Семёнова ба бахши қазоқии Радиои Озодӣ хабар дод, ки Отабек як ҳафта мешавад дар беморхона аст.
Кумитаи иҷрои ҷазои Қазоқистон то ҳол ин хабарро шарҳ надодааст.
Намояндагони ҷомеаи шаҳрвандии Қазоқистон дербоз аз вазъи сиҳатии шоир Отабек, ки беш аз 15 сол мешавад, дар зиндон аст, нигаронӣ мекунанд. Ӯ дар робита ба ҳаводиси Шонирак дар соли 2006 18 сол аз озодӣ маҳрум шуда буд.
Ҳомиёни ҳуқуқи маҳаллӣ ҳафтаи гузашта дар як муроҷиатнома аз президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев даъват карданд, ки шоир Отабекро афв кунад.