Ссылки доступа

Нисбати Навалний бо моддаи ташкили гуруҳи ифротӣ парванда боз карданд


Иван Жданов, Любовь Соболь и Алексей Навальный, архивное фото
Иван Жданов, Любовь Соболь и Алексей Навальный, архивное фото

Кумитаи тафтишотии Русия нисбати сиёсатмадори мухолифи ҳукумати Русия Алексей Навалний ва ҳамсафонаш бо моддаи ташкили гуруҳи ифротӣ парванда боз кард.

Аз рӯи ин модда то 10 соли зиндон пешбинӣ мешавад. Дар бораи парвандаи нав дар сомонаи кумитаи тафтишотӣ хабар дода шудааст.

Навалний, Леонид Волков ва Иван Жданов дар таъсис ва роҳбарии гуруҳ гумонбар мешаванд. Любов Собол, Вячеслав Гимади, Руслан Шаведдинов ва чанд каси дигар - дар узвияти гуруҳ.

Иван Жданов парвандаи навро "комилан сиёсӣ" унвон кард. "Аз бисёр ҷиҳат ин парванда зидди дастгоҳи иттилоотии мо равона шудааст. Мехоҳанд, шабакаҳои иттилоотии моро банданд, ба кормандони Гугл ва Эппл ҳушдор медиҳанд, ки агар саҳифаҳои моро набанданд ва имкони кӯмаки моддӣ расондан ба моро қатъ накунанд, нисбати онҳо низ парванда боз мешавад", - гуфт Жданов.

Кумитаи тафтишотӣ гуфтааст, Навалний дар соли 2014 гуруҳи ифротӣ таъсис дода, Волков ва Жданов ба вай пайвастаанд. Кумита Бунёди мубориза бо фасоди Навалний ва ситодҳои ӯро дар назар дорад, ки соли 2014 таъсис шуданд.

Бештаре аз гумонбарони парвандаи мазкур дар хориҷ аз Русия қарор доранд. Навалний дар зиндон аст. Вай дар онҷо ҷазои марбут ба қаллобиро адо мекунад.

Нисбати Навалний ва ҳамсафонаш парвандаҳои дигар, аз ҷумла қаллобӣ дар ҳаҷми нисбатан калон, таҳқири судя Вера Акимова боз шудааст.

Ҷонибдорони мухолифон бовар доранд, ки таъқиби онҳо комилан ба фаъолиятҳои сиёсиашон рабт дорад.

XS
SM
MD
LG