Ссылки доступа

Таҳқиқи марги Азимҷон Аскаров - ҳомии ҳуқуқи қирғизистониро КДАМ пеш мебарад


Таҳқиқи марги ҳомии ҳуқуқи қирғизистонӣ Азимҷон Аскаров ба ихтиёри Кумитаи давлатии амнияти миллии он кишвар дода шудааст.

Дар ин бора дар созмони ҳомии ҳуқуқи "Бир Дуйно - Қирғизистон" хабар доданд.

Вакилони мудофеи созмон зидди аз сӯи Хадамоти давлатии иҷрои ҷазо таҳқиқ шудани парванда баромад карданд. Ба гуфтаи вакилон, ниҳоди мазкур манфиатдор аст, ки парванда қатъ шавад.

Ибтидои моҳи сентябр Хадамоти давлатии иҷрои ҷазо дар робита ба пайдо шудани ҳолатҳои нав парвандаи марги Азимҷон Аскаровро дубора рӯи даст гирифт.

Аскаров рӯзи 25 июли соли 2020 дар зиндон аз илтиҳоби шуш фавтид. Ӯро бо айби даст доштан дар бетартибиҳои соли 2010 ва қатли корманди пулис ба ҳабси абад маҳкум карда буданд. Аскарови 69-соларо дар Узбекистон дафн карданд.

XS
SM
MD
LG