Ссылки доступа

Ба мухолифони туркман машварат доданд, Туркияро тарк кунанд


Ба мухолифони ҳукумати Туркманистон, ки дар Туркия истиқомат доранд, машварат доданд, ки ин кишварро тарк кунанд.

Дар сурати нодида гирифтани ин машварат, онҳоро ба Туркманистон ихроҷ хоҳанд кард. Бунёди ҳимоят аз ҳуқуқи "Мемориал" мегӯяд, Дурсултон Таганов, яке аз мухолифон боздошт шудааст.

Байрам Аллалиев, фаъоли туркманистонӣ дар Туркия мегӯяд, рӯзи 24 сентябр як рӯйхати иборат аз номи 25 мухолифро дар дасти пулис дидааст, ки ба бовари вай, эҳтимоли боздошт ва ихроҷашон мавҷуд аст.

Дурсултон Таганов рӯзи 27 сентябр дар Истамбул боздошт шуд.

XS
SM
MD
LG