Дар ин бора сомонаи вазорати корҳои дохилии Узбекистон хабар медиҳад.
Дар Кодекси ҷавобгарии маъмурии он кишвар мехоҳанд, тағйирот ворид ва барои пинҳон доштани душаҳрвандӣ ҷавобгарӣ таъйин кунанд.
Ба ҷуз ин, барои касоне, ки аз шаҳрвандии Узбекистон маҳрум, вале шиносномаи ин кишварро истифода мекунанд, низ ҷавобгарии маъмурӣ таъйин мешавад.
Фарҳод Ашматов, вакили порлумони Узбекистон гуфт, порлумон ин тағйиротро ҳанӯз 24 август қабул карда буд.