Ссылки доступа

Захираи тилои Қирғизистон ба сатҳи "ниҳояти таърихӣ" расидааст


Захираи тилои Қирғизистон ба 3,2 миллиард доллар баробар шудааст. Дар ин бора раиси Бонки миллии он кишвар Толкунбек Абдигулов иттилоъ дод.

Ба гуфтаи вай, захираи тилои Қирғизистон дар ҳоли афзоиш аст. "Дар бораи камшавӣ ва афзоиши захира овозаҳо паҳн мешаванд. Мумкин аст, афзоиш ёбад ё баръакс, кам шавад. Мо на танҳо тило мехарем, балки онро ҳамзамон мефурӯшем. Айни замон дар ҳаҷми 3,2 миллиард доллар тило дорем, ки дар сурати зарурат барои 8 моҳи содирот кифоят мекунад", - гуфт Абдигулов.

Моҳи июли соли ҷорӣ Бонки миллии Қирғизистон хабар дода буд, ки ҳаҷми захираи тилои он кишвар 2,65 миллиард долларро ташкил медиҳад. Дар охири соли 2019 ин нишондод дар сатҳи 2,4 миллиард доллар буд.

XS
SM
MD
LG