Ссылки доступа

Матбуот: ИМА хостори истифодаи пойгоҳи Русия дар ОМ шуд


Амрико ният доштааст аз пойгоҳҳои ҳарбии Русия дар Осиёи Миёна истифода барад. Ба ин хотир генерал Марк Миллӣ, раҳбари фармондеҳии Вазорати дифои Амрико бо ҳамтои русаш Валерий Герасимов мулоқот карда ин мавзӯро матраҳ кардааст.

Дар ин бора нашрияи Wall Street Journal дар такя ба манобеи худ хабар додааст. Герасимов дар ин бобат ба ҳамтои амрикоӣ худ ҳеҷ ваъдаи аниқе надодааст.

Мулоқоти ин ду низомӣ дар Финладия ҳафтаи гузашта доир шуда буд, аммо ҷузъиёти ин дидор ҳоло расонаӣ мешавад.


Ин дар ҳолест, ки бузургтарин пойгоҳи низомии Русия дар Осиёи Марказӣ дар Тоҷикистон қарор дорад. Пайгоҳи низоми 201-уми ин кишвар дар шаҳри Душанбе ва Бохтар мустақар буда ҳудуди 7 ҳазор афсару сарбоз дорад.

XS
SM
MD
LG