Ссылки доступа

Узбекистон ба эмкунии кудакон зидди коронавирус иҷозат дод


Дар Узбекистон иҷозат дода шудааст, ки кудакони то 12-сола бо ваксинаи "Pfizer" зидди коронавирус ё COVID-19 эм карда шаванд.

Дар Вазорати тандурустии Узбекистон 28 сентябр гуфтанд, натиҷаҳои озмоиши ваксинаи мазкур дар кудакони аз 12 то 15-сола нишон доданд, ки "Pfizer" муассир ва бехатар аст.

Созмони ҷаҳонии тандурустӣ низ тавсия додааст, ки кудакон ва наврасони аз 12-сола боло бо ваксинаи "Pfizer" эм шаванд.

Узбекистон 13 сентябр 1 200 000 моя ваксинаи "Pfizer / BioNTech" дарёфт кард. Ин ваксина аз сӯи ширкати амрикоии "Pfizer" ва ширкати олмонии "BioNTech" истеҳсол мешавад.

XS
SM
MD
LG