Ссылки доступа

Ҳамсари вакили узбек баъди шикоят ба ҳукумати ноҳия латтӯб шуд


Дильдора Ходжакулова говорит, что после избиения сотрудниками Нацгвардии была госпитализирована в больницу Яккабагского района.

Модари ду фарзанд аз ноҳияи Яккабоғи Узбекистон Дилдора Хоҷақулова мегӯяд, кормандони Гвардияи миллии он кишвар 22 сентябр ӯро латтукӯб карда, ба беморхонаи касалиҳои руҳӣ фиристодаанд.

"Ман барои талаби ҳуқуқҳои худ ба ҳукумати ноҳия рафтам. Вале 4-5 корманд, ки дар миёнашон намояндагони Гвардияи миллӣ низ буданд, маро латтукӯб ва ба мошини "Ёрии таъҷилӣ" савор карда, ба бемористони касалиҳои руҳӣ фиристоданд. Онҳо маро танҳо барои шикоят кардан ба ҳукумати ноҳия ба ин бемористон фиристоданд. Як рӯзро дар бемористони касалиҳои руҳӣ гузарондам", - афзуд ӯ.

Хоҷақулова баъди як рӯзи ҳодиса ба бемористони ноҳия интиқол ёфта, то ҳол дар онҷо бистарӣ аст.

Намояндаи Гвардияи миллии Узбекистон дар ноҳияи Яккабоғ, ки худро Дилмурод муаррифӣ кард, латтукӯб шудани Хоҷақуловаро рад кард.

"Дар ҳукумати ноҳия кормандони мо нестанд. Онҷо кормандони пулис меистанд. Вале ягон каси онҳо нисбат ба зан аз неруи ҷисмонӣ кор нагирифтааст", - изҳор дошт вай.

Дилдора Хоҷақулова он рӯз барои он ба ҳукумати ноҳия рафтааст, ки шавҳараш - вакили маҷлиси ноҳиявӣ баъди баҳс бо ӯ манзили зисташшонро ба хоҳараш "туҳфа" кардааст.

XS
SM
MD
LG