Ссылки доступа

Дар Қирғизистон бо ҳадафи сарфаи барқ чароғҳои кӯчаву таблиғотро хомӯш мекунанд (видео)


В Кыргызстане отключат уличное и рекламное освещение магазинов и кафе
пожалуйста, подождите

No media source currently available

0:00 0:01:54 0:00

Дар Қирғизистон ба хомӯш кардани чароғҳои камаҳамияти кӯчаҳо дар шабонгоҳӣ шуруъ карданд.

Дар шаҳри Бишкек санҷиши қаҳвахонаҳо, тарабхонаҳо, ҳаммомҳо, боғу мағозаҳо шуруъ шуд: бо ҳадафи сарфаи неруи барқ аз муассисаҳои тиҷорӣ талаб доранд, ки чароғҳои берун ва таблиғоташонро рушан накунанд.

Мақомоти аз шаҳрвандон низ даъвати сарфаи барқро доранд. Низоми сарфаи неруи барқ тамоми тирамоҳу зимистон давом хоҳад кард. Дар сурате, ки агар истифодаи барқ аз маҳдудият бештар шавад, Қирғизистонро суқути воқеии энержӣ таҳдид мекунад, мегӯянд мақомоти он кишвар.

Шуруъ аз имрӯзҳо ва тамоми зимистон шаҳри Бишкеку канораҳояш ба торикии амиқ фурӯ мераванд.

"Агар ҳоло дар кӯчаҳои шаҳр гардед, мебинед, ки пеш аз фарорасии торикӣ ҳамаи қаҳвахонаҳову тарабхонаҳо чароғҳои берунӣ доранд. Дар бархе қаҳвахонаҳо то 500 чароғ рӯшан аст! Чи даркор чароғи зиёд?", - гуфт Талайбек Бойғозиев, раиси Ҳолдинги миллии энержии Қирғизистон.

Ҳарчанд қимати неруи барқ дар Қирғизистон 6 соли охир боло нарафтааст, мақомоти он кишвар тасмим боло бурдани онро ҳоло надоранд. Қирғизистон камбуди неруи барқашро аз ҳисоби хариди он аз Узбекистону Қазоқистон таъмин мекунад.

"Мо бояд ин зимистонро пушти сар ва сатҳи оби обанбори Токтогулро нигаҳ дорем. Дар сурати ғайр об метавонад, ба сатҳи пойинтарин расад ва дар он ҳолат моро маҳдудиятҳои амиқ, ҳатто ҷорӣ кардани ҳолати фавқулода таҳдид мекунад. Аз ҳамин хотир мо аз ҳоло ба сокинон мефаҳмонем, ки аз гармидиҳии барқ худдорӣ кунанд, ангишт бихаранд, ҳама навъи энержии алтернативиро истифода баранд", - гуфт Бойғозиев.

XS
SM
MD
LG