Ссылки доступа

Ширкати барқи Қирғизистон чароғкушӣ дар кучаҳоро шарҳ дод


Талайбек Бойғозиев, раиси Ҳолдинги миллии энержии Қирғизистон гуфт, шаҳрвандони ин кишвар бояд мушкили норасоии нерӯи барқро дуруст дарк карда, то ҳадди имкон онро сарфа кунанд.

"Дар Қирғизистон ҳудуди 1,5 млн муштарӣ ҳаст. Ҳар як шаҳрванд бояд дарк кунад, ки норасоии нерӯи барқ танҳо мушкили кормандони соҳа нест. Мо бояд барқро сарфа кунем. Дар қаҳвахонаву тарабхонаҳо аз соати 17:00 чароғҳоро рӯшан мекунанд. Ё дар боғҳо рӯшан будани чароғҳо то субҳ ба кӣ даркор аст? Одамони боақл то соати 10-и шаб гаштугузор мекунанд ва сипас ба хона мераванд. Баъди соатҳои 10 ё 11 бояд чароғҳо хомуш карда шаванд", - изҳор дошт вай.

Мақомоти Қирғизистон аз 29 сентябр ба хомӯш кардани чароғҳои камаҳамияти кӯчаҳо дар шабонгоҳ шуруъ карданд. Ин кор бо фармони Ҳолдинги миллии энержии Қирғизистон анҷом мешавад.

Дар пайи ин ин иқдом дар шаҳри Бишкек санҷиши қаҳвахонаҳо, тарабхонаҳо, ҳаммомҳо, боғу мағозаҳо шуруъ шуд: бо ҳадафи сарфаи нерӯи барқ аз муассисаҳои тиҷорӣ талаб доранд, ки чароғҳои берун ва таблиғоташонро рӯшан накунанд.

Мақомот аз шаҳрвандон низ даъвати сарфаи барқро доранд. Низоми сарфаи нерӯи барқ тамоми тирамоҳу зимистон давом хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG