Ссылки доступа

Боздошти шаҳрванди Узбекистон барои ҷинояти 22 сол пеш


Задержанный член «Исламского движения Туркестана» (фото пресс-службы СГБ Узбекистана)
Задержанный член «Исламского движения Туркестана» (фото пресс-службы СГБ Узбекистана)

Кормандони Хадамоти амнияти давлатии Узбекистон мардеро боздошт карданд, ки 22 сол мешуд, бо гумони даст доштан дар ҳамлаҳои террористии 16 феврал ва 30 марти соли 1999 дар шаҳри Тошканд таҳти пайгарди қонунӣ қарор дошт.

Ба огаҳии хадамот Ю.Ж., сокини вилояти Тошканд, соли таваллудаш 1969, ки ба узвият дар Ҳаракати мамнуи исломии Туркистон низ айбдор мешавад, дар хориҷ аз Узбекистон боздошт ва ба ватан оварда шудааст. Вале хадамот нагуфтааст, ки ӯро дар кадом кишвар дастгир карданд.

Сокини вилояти Тошканд гӯиё соли 1998 ба Чеченистон рафта, дар урдугоҳи таъсис додаи шаҳрванди Урдун Амир Хаттоб омодагии ҷангӣ дида, сипас ба сафи Ҳаракати мамнуи исломии Туркистон пайвастааст.

"Ӯ моҳи январи соли 1999 бо фармони раҳбари ҳаракат ба Тошканд меравад ва хонаҳои одамони дороро ғорат карда, ба раҳбари Ҳаракати мамнуи исломии Туркистон дар Афғонистон мефиристад", - омадааст дар иттилоияи Хадамоти амнияти Узбекистон.

XS
SM
MD
LG