Ссылки доступа

Олимпиадаи зимистонӣ дар Пекин бидуни мухлисони хориҷӣ баргузор мешавад


Мухлисони хориҷӣ наметавонанд, дар бозиҳои зимистонии Олимпиада дар Пекин ширкат кунанд. Билети бозиҳо танҳо ба сокинони Чин фурӯхта хоҳанд шуд.

Кумитаи байналхалқии олимпӣ чунин тасмим гирифтааст.

Ба ҷуз ин, бино ба қарори кумита, ширкатдорони мусобиқа, ки воксини зидди коронавирус нагирифтаанд, ба маҳзи расидан ба Пекин бояд се ҳафта дар карантин нишинанд.

Бозиҳои зимистонаи олимпӣ дар Пекин аз 4 то 20 феврали соли 2022 баргузор мешаванд.

XS
SM
MD
LG