Ссылки доступа

Ронандагони норозӣ аз роҳҳои пулакӣ дар Қазоқистон эътироз карданд


Рӯзи 30 сентябр дар вилояти Туркистони Қазоқистон даҳҳо тан аз ронандагон дар қитъаи роҳи мошингарди Қизилорда бо нишони эътироз аз пулакӣ шудани роҳҳо, гаронии сӯзишворӣ ва воксинзании кӯдакон зидди коронавирус ҷамъ шуданд.

Пулис аз ҷамъшудаҳо талаб кард, ки пароканда шаванд. Дар ин бора Абай Тореханов, яке аз ронандагон хабар дод.

Шуруъ аз охири моҳи май дар чанд минтақаи Қазоқистон сокинон бо нишони пулакӣ шудани роҳҳо эътироз карданд. Ронандагони мошинҳои боркаш мегӯянд, роҳҳои пулакӣ бесифат ҳастанд ва болои ин гаронии қимати сӯзишворӣ имкон намедиҳад, пули роҳҳо пардохта шаванд.

XS
SM
MD
LG