Ссылки доступа

Даври аввали гуфтугӯи ҳайати Қирғизистон ва "Сентерра" дар Женева


Даври аввали гуфтугӯ миёни ҳайати ҳукумати Қирғизистон ва ширкати канадагии "Centerra Gold Inc." (Сентерра) дар шаҳри Женева баргузор шуд.

Як манбаи муътамад дар ҳукумати Қирғизистон хабар дод, ки ин гуфтугӯ рӯзҳои 28-30 сентябр баргузор шуда, ҳайати ҳукумати ин кишварро вазири иқтисоду молия Оқилбек Ҷабборов ва раиси Кумитаи амнияти миллӣ Қамчибек Тошиев раҳбарӣ мекарданд.

Ҳамчунин мудири муваққатии кони тилои "Қумтор" Тенгиз Болтурук, додситони кул Қурманқул Злушев ва мутахассисони дигари Қирғизистон ҳам шомили ҳайат буданд. Ҳайати "Сентерра"-ро мудири иҷроияи ширкат Скотт Перрӣ раҳбарӣ мекард.

Ба гуфтаи манбаъ, даври аввали гуфтугӯ комёб ва натиҷаҳо қаноатмандкунанда ҳастанд. Вале ҷузъиёти гуфтугӯ ифшо намешавад.

Дар бораи сафари ҳайати Қирғизистон ба раҳбарии Ташиев ба Женева расонаҳо 27 сентябр хабар доданд. Дар ин бора расман чизе гуфта намешавад.

​Қумтор - калонтарин кони тилои Қирғизистон аст. Ин конро ширкати канадагии "Сентерра" коркард мекард. Қирғизистон 26 дарсади саҳмияҳои ширкатро дар ихтиёр дошт. Ҳукумати Қазоқистон иддао дорад, ки ширкати мазкур иҷозатномаи коркарди конро ғайриқонунӣ ба даст овардааст ва ҳоло талош дорад, ки онро бекор кунад.

XS
SM
MD
LG