Ссылки доступа

Путин бори дигар дар бунёди неругоҳи ҳастаӣ ба Қазоқистон пешниҳоди кумак кард


Президенти Русия Владимир Путин бори дигар ба Қазоқистон пешниҳод кард, ки Москва омодааст дар бунёд ва баҳрабардории нерӯгоҳи ҳастаӣ ба Анқара кумак кунад.

"Мо нақшаҳои ҳамсояҳо ва дустону шарикон, аз ҷумла Қазоқистонро дар бораи рушди энергияи атомӣ бо диққат назорат мекунем. Русия ба шарикони худ, аз ҷумла Қазоқистон пешниҳод мекунад, ки агар тасмими бунёди неругоҳи ҳастаиро бигиранд, омодааст дар мавриди истифода қарор додани он мусоидат кунад", - изҳор дошт Путин 30 сентябр дар ҳамоиши ҳамкориҳои минтақавӣ дар Кокшетау.

Владимир Путин соли 2019 низ дар мулоқот бо президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев ин пешниҳодро карда буд. Ӯ гуфта буд, Русия пешниҳод мекунад, ки "дар Қазоқистон бо истифода аз технологияи русӣ неругоҳи ҳастаӣ сохта шавад".

Расонаҳо бо такя ба ноиб-вазири энержии Қазоқистон Магзум Мирзогалиев навиштанд, ки шаҳри Курчатов дар вилояти Қазоқистони Шарқӣ ва шаҳраки Улкен дар вилояти Алмато барои сохтани неругоҳи ҳастаӣ интихоб гардидаанд.

Вале иқтидор ва муҳлати сохтмон муайян карда нашуда буд.

XS
SM
MD
LG