Ссылки доступа

Ҳоли паноҳҷӯёни афғон дар марзи Тоҷикистон бадтар шудааст (гулчин)


Ба расонаҳои минтақа ҳақ дода мешавад, ки аз ин матлабҳо ба сурати комил ва ё ҷузъӣ истифода кунанд. Бо дархости муштариён метавонем ба онҳо шакли аслии наворҳои видеоиро фиристем. Онҳо, инчунин, метавонанд матлаби дилхоҳи худро аз махзани Директ истифода кунанд.

- Ҳоли паноҳҷӯёни афғон дар марзи Тоҷикистон бадтар шудааст. Гуруҳе аз паноҳҷӯёни афғон дар марзи Тоҷикистон мегӯянд, баъд аз таҳдидҳои "Толибон" хаймаҳояшонро канданд ва зери осмони бозу ҳавои сард зиндагӣ мекунанд. (видео)

- Ҳукми зиндони тоҷикон дар Қирғизистонро "бераҳмона" хонданд. Хешовандони ду шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар Қирғизистон зиндонӣ шуданд, мегӯянд, ки ҳукми додгоҳ бисёр сахт аст ва онҳо ба додгоҳи болоӣ шикоят мебаранд. (видео)

- Фақр нагузошт, ки Орзу ба орзуяш бирасад. Камбизоатӣ нагузошт, Орзу, ҷавоне аз шаҳри Кӯлоб ба орзуяш, ки донишҷӯ шудан буд, бирасад. Достони зиндагии ӯро дар ин видео бинед (видео)

- "Тоҷпромбонк"-ро мебанданд, амонати муштариён чӣ мешавад? То замони пурра барҳам хӯрдани "Тоҷпромбонк", яке аз ниҳодҳои молии муфлисшуда дар Тоҷикистон, рӯзҳои башумор мондааст, аммо муштариён мегӯянд, ҳанӯз амонатҳои худро гирифта наметавонанд. Онҳо 27 сентябр аз Додгоҳи иқтисодии Душанбе ёрӣ хостанд. Мудири махсус мегӯяд, амонати муштариёнро медиҳанд. (видео)

- Нархи “хӯроки асосӣ”-и мардуми Тоҷикистон боло рафтааст. Ба дунболи болоравии нархи сӯзишворӣ дар Тоҷикистон, акнун орд ҳам қимат шудааст. Сокинон мегӯянд, дар шаҳри Душанбе арзиши як халта орд аз 230 то 255 сомонӣ ва дар минтақаҳо то 290 сомонӣ гарон шудааст (видео)

КОРМАНДОНИ МУҲТАРАМИ РАСОНАҲО! БО ҲАЗОРОН НАВОРИ САДОВУ ВИДЕО, АЗ ҶУМЛА, ШАКЛИ АСЛИИ САДОВУ ВИДЕОҲО БО ЗАБОНИ ТОҶИКӢ, КИ БАРОИ ЗАХИРА КАРДАНИ КОРШАРИКОН ДАСТРАС ҲАСТАНД, ОШНО ШАВЕД.​

XS
SM
MD
LG